Равоншинос Марям Давлатова мегӯяд, қабл аз оне, ки ҷавонон ба ҳаёти мустақил гусел карда мешаванд, бояд падару модар, момою бобо ва дигар калонсолон ба онҳо эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмиро бо ҳама ҷузъиёташ омӯзонанд.
«Вақте ки оилаҳои ҷавон аз якдигар ҷудо мешаванд, ман мегӯям, аввал падару модаронашонро пурсед, ки то чӣ андоза онҳоро ба зиндагии мустақилона тайёр карда буданд. Охир зиндагӣ фақат косашӯйиву хӯрокпазӣ нест! Мо духтаронро то андозае ба рӯзгори оянда тайёр мекунем. Кори хонаро ёдаш медиҳем: пухтан, шустан, тоза кардан. Ё мегӯянд: “Гапгардон нашав! Хусуру хушдоманатро эҳтиром бикун!”. Вале эҳтиром чист, ёд намедиҳанд. Он қоидаҳо дорад.
Ба ҷавонмард чӣ ёд медиҳем? Оё мегӯем, ки “бачам, вақте фарзанди як касро ба хонаат меорӣ, он духтар ҳам барои падару модараш азиз аст, забонашро ёб, ӯ амонат аст”? Агар фарзанди хонадон барои мо амонати яккарата бошад, арӯси хонадон амонати дукарата аст. Амонати Худованд аст барои мо ва ҳам амонати падару модараш», - гуфт ин коршинос.