Оила – макони
меҳрубонӣ

Волидии мусбат заминаи рушди устувори хонавода, ҷомеа ва кишвар аст.

Волидии мусбат маҷмӯи муносибатҳои дурусте мебошад, ки аз тарафи падару модар ба манфиати фарзанд равона шуда, барои рушди ҳамаҷонибаи ӯ ва дар оянда ҳамчун шахсият ба камол расиданаш мусоидат мекунад.

Роҳнамои хушбахтӣ

Рафтору гуфтор ва муносибати неки падару модар бо кӯдак асоси волидии мусбатро ташкил медиҳад. Зимнан ба сифатҳои беҳтарини фарзанд дар ҳаёти ҳамарӯзаи ӯ таваҷҷуҳ мешавад. Волидон ба фарзанди худ бо муҳаббат ва дилсӯзӣ муносибат намуда, ӯро ҷазо намедиҳанд ва намезананд.
Зарурати тарбияи кӯдакон бидуни хушунат баъд аз қабули як қатор қонунҳо, аз ҷумла, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ҳамчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси манъи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он зимни иҷрои уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон аҳамияти бештар пайдо кардааст.
волидии мусбат
Маҷмӯи усулу равишҳои тарбияи кӯдакон аст, ки ба рафтори онҳо, муносибат дар оила, солимии равонӣ, хушбахтӣ ва некӯаҳволии хонавода таъсир мерасонад.

Дар хонаводае, ки волидии мусбат вуҷуд дорад:

марду зан ҳангоми истифодаи маблағҳои оилавӣ, тарбияи кӯдакон ва ҳалли масъалаҳои дигар баробарҳуқуқ мебошанд;
ҳамаи калонсолони қобили меҳнати оила шуғли касбӣ доранд ва барои пешбурди рӯзгори муштарак саҳмгузоранд;
фаъолияти занон ва духтарон на танҳо барои фоидаи молиявӣ, балки воситаи худмуаррифӣ ва муваффақшавист.
Воқеан, волидии мусбат ҳамон вақт пурсамар хоҳад шуд, ки
а
падару модар худ тарбияи хуб дошта бошанд;
б
бо рафтору кирдори нек намунаи ибрат шуда тавонанд;
в
фарқи тарбияро аз эркасозӣ сарфаҳм раванд.
Чунин аст дидгоҳи шуморе аз коршиносон, ки дар ин матлаби чандрасонаӣ зикр мешаванд.

“Аввал худро тарбия кунанд”...

“Ҷомеаи мо имрӯз ба волидии мусбат ниёз дорад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо аз ҳудуди барои тарбия муайяншуда гузашта, даст ба зӯроварӣ мезананд. Хушунат метавонад ба маҳв шудани фардияти кӯдак оварда расонад, ки пайомадҳои номатлуб дорад. Аз ҳамин сабаб тарғиб кардани волидии мусбат, яъне муносибати бомуҳаббат доштан нисбат ба фарзанд, новобаста ба он ки ӯ кадом рафторро содир мекунад, дар ҳама ҳолат дастгиру мададгор ва роҳнамояш будан бисёр муҳим аст”, - гуфт доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода.
“Таҷриба нишон медиҳад, ки вақте дар оила зӯроварӣ ҳаст, агар кӯдак шоҳиди он шуда бошад, ин ба рӯҳу равони ӯ зарар мерасонад. Дар айёми хурдсолӣ ва наврасӣ ба амалҳои нодуруст даст зада, оянда чун оиладор мешавад, муносибатеро, ки падару модар доштанд, ҳамонро ба аҳли оилаи худ раво мебинад”, - андешаҳои ҳамсуҳбати қаблиро тақвият бахшид Раҷабмо Ҳабибуллозода, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба ақидаи фолклоршинос ва мардумшинос Дилшод Раҳимӣ, барои кӯдак аввалмактаби ахлоқи нек ва ҳам бад маҳз оила аст, на ҷойи дигар. Вай афзуд: “Аз ҳамон худшиносии замони тифлӣ, ки дар яксолагӣ-дусолагӣ ба вуҷуд меояд, духтарҳо ба модар тақлид мекунанд, писарон ба падар. Ё агар хоҳарбузургу бародарбузург дошта бошанд, ба онҳо низ тақлид мекунанд. Яъне дар тасаввуроти кӯдакон як навъ идеал ё намуна мешаванд”.
Равоншиноси оилавӣ, нависанда ва фаъоли ҷамъиятӣ Нигина Маҳмадҷонова пешниҳод менамояд, ки падару модар “аввал худро тарбия кунанд”.
Агар шумо тарбияи хуб дошта бошед, фарзандатон онро 80 дарсад аз шумо гирифта, дар ҳаёти худ татбиқ мекунад.
Нигина Маҳмадҷонова
Равоншиноси оилавӣ

Зарурати пешгирии зӯроварӣ

Равоншиноси дигар Марям Давлатова мисоли ҷолиб баён кард: “Дар оиладорӣ як масъалаи мушкил аст: дар сари қаҳр падар омада, модарро ранҷонд. Модари қаҳролуд кӯдакашро якто зад. Кӯдак гуноҳ надошт. Баъд модар пушаймон мешавад ва дар дилаш ҳисси гунаҳкорӣ пайдо шуда, ба он кӯдак аз меъёр зиёд меҳрубонӣ мекунад. Кӯдакон бисёр ҳассос ҳастанд. Онҳо бо ҳисси гунаҳкории мо чунон хушрӯ бозӣ мекунанд, ки агар ин масъаларо аз диламон бароварда натавонем, рост ба назди равоншинос меравем. Зеро ин мушкилро шумо аз оилаи падару модари худ овардаед...

Ин ҷо як васати тилоӣ ҳаст: муҳаббат ҳаргиз барзиёд намешавад, вале эрка кардан аз дӯст доштан фарқ дорад. Эрка кардан, яъне ба кӯдак ҳамаи имкониятҳоро бе фаҳмонидани марзҳои шахсиятӣ додан аст. Як чизи бисёр муҳим аст: интизом додан ба кӯдак ҳам як шакли муҳаббат аст. Меҳрубонӣ кардан шаклҳои зиёд дорад. Дар раванди тарбия мо бояд ҳамаи усулашро истифода барем”.
Коршиноси масоили гендерӣ Марҳабо Олимӣ чунин мешуморад, ки истифодаи волидии мусбат оиларо аз ҳама ҷиҳат саодатманд карда метавонад.

“Дарку фаҳмиши усули волидии мусбат ва иштироки фаъолонаи падару модар зимни тарбияи фарзандон, даст кашидан аз зӯроварӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ, таҳқиру дағалгуфторӣ ва ҳақорат накардан ҳангоми суҳбатҳои хонаводагӣ, риоя ва эҳтироми ҳуқуқи ҳар як узви оила, барои кӯдакон таъмини имкониятҳои баробар сарфи назар аз он ки писар аст ё духтар, тақсими уҳдадориҳо дар пешбурди хоҷагӣ ва дастрасии баробари зану шавҳар ба маблағҳои оилавӣ асоси хушбахтӣ мебошанд”, - таъкид кард ин коршинос.
Падари саҳмгузор
Намунаи волидии мусбат падари саҳмгузор аст, ки дар нигоҳубини фарзандон иштироки фаъол дорад, бо онҳо ба таври пурсамар вақт мегузаронад ва сайру бозӣ мекунад. Ӯ бо завҷааш иҷрои корҳои хоҷагии якҷояро тақсим карда, ҳуқуқ ва талаботи ҳамсари худро эътирофу эҳтиром менамояд. Муомилаи нек дар байни зану шавҳар муносибатҳои байниҳамдигарии падар бо фарзандонро ҳам хеле беҳтар мекунад.
Вақте ки мард нисбат ба занаш беҳурматӣ мекунад ё ӯро паст мезанад, барои ман ин гуна мард иқтидорманд нест.
“Оилае, ки дар он меҳру муҳаббат ҳаст, дар чунин хонавода мард дӯсти зан аст, ӯро ҳурмат мекунад ва мехоҳад, ки дар баробари вай саҳмгузор бошад. Агар мард дар паҳлуи зан истода, ба кори хона ва тарбияи фарзандон ёрӣ расонад, оилаи онҳо макони меҳрубонӣ мешавад”, - изҳор дошт Сабоҳат Раҳимзода, раиси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” ва афзуд:
“Марди хонавода бояд ҳамеша дар канори фарзандон бошад, ба истиснои дар муҳоҷирати меҳнатӣ ё сафари хидматӣ будан. Падар бояд ҳамеша аҳволи фарзандонро пурсад ва барои онҳо вақт ҷудо кунад. Ӯ тавассути муомила ва нишастухез бо фарзандон, ба онҳо на фақат донишу таҷриба медиҳад, балки кӯдакон эҳсоси танҳоӣ намекунанд ва медонанд, ки саробон доранд. Лекин вақте мардҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ё сафарҳои хидматӣ рафта, муддатҳои дароз дар назди фарзандон нестанд, албатта, ин ба вазъи оила таъсири манфӣ мерасонад”, - ба паҳлуи дигари мавзӯи падари саҳмгузор ишора карда, мегӯяд фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ.

Дастгирии модар ва ёрии ҳамсар

Дар ин робита Марям Давлатова чунин нақл кард: “Як ҷавонмард ҳамсояи мо буд, ки нисфи умраш дар муҳоҷирати корӣ гузашт. “Ту ин қадар кӯдакдӯстдорӣ, меравӣ, бачаҳоятро ёд намекунӣ?”, - боре пурсидам аз ӯ. Гуфт: “Ман аз онҳо ҷудо нестам. Ҳар бегоҳ соати муайян телефон карда, барои ҳар як фарзандам 5-10 дақиқа вақт ҷудо мекунам. Мепурсам, ки имрӯз чӣ кор кард, куҷо рафт ва дар охири ҳамаи суҳбатҳо ба писарам мегӯям: “Очаҷонатро эҳтиёт бикун, бачам! Ту калони хонаӣ, ту мардакӣ”. Ба духтарам мегӯям: “Очаҷонатро ёрдам бикун, ки вай хаста мешавад”.

Ин мард чӣ кор мекунад? Ҳам меҳрубонияшро нисбат ба ҳамсараш зоҳир мекунад – бо овози баланд мегӯяд ва бонуяш мешунавад, ҳам кӯдаконашро тарбия менамояд. Вале агар шумо дар роҳи дур ҳам набошед, дар хонаатон бошеду ҳамин суҳбатҳоро бо аҳли хонадонатон: бо модаратон, бо падаратон, бо ҳамсару бачаатон накунед, аз будан ё набудани шумо чӣ фоида?! Баъзеҳо мегӯянд, ки “ман калон-калон меорам, хӯрда гаштаанд, боз чӣ кор кунам?”. О, шумо магар “завхоз”-и оила ҳастед ё падар?! “Завхоз” – таъминотгари оила будан як вазифаи хурдакак аст, аммо падар будан масъулияти бештар аст”.

Раҳоӣ аз ақидаҳои қолабӣ

Бо таъсири ақидаҳои шахшудаю қолабӣ дар миёни аҳли ҷомеа чунин ҳолатҳо низ ҷой доранд, ки бархе мардон аз тарси гапу калочаи мардуми кунҷков, аз бими “занкалон” ҳисоб нашудан худро дар хона “ҳокими мутлақ” ё “шери мағлубнопазир” вонамуд карда, на “даст ба оби хунук мезананд”, на барои тарбияи фарзандон вақт ҷудо мекунанд. Аммо “гӯшҳои пушти девор” шунаванд гуфта, аз дӯғу пӯписа фаровон истифода мебаранд.
Чунин рафтору гуфтор ва андешаи ғалатро Манзура Ҷӯраева, роҳбари Фонди хайриявии “Музаффар” маҳкум карда, афзуд: “Аҳли он хонаводае, ки аз анъанаҳои хурофотӣ, ақидаҳои шахшудаю қолабии атрофиён наметарсанд ва саодати оилавии худро дар мадди аввал мегузоранд, билохира ҳаматарафа бурд мекунанд ва хушбахт мешаванд”.

Омили рушди устувор

Ҳамзамон коршиноси масоили гендерӣ Марҳабо Олимӣ таъкид менамояд, ки волидии мусбат метавонад эътимоди фарзандонро афзоиш диҳад ва онҳоро бо малакаҳои зарурӣ барои ҳаёти мустақил таъмин созад. Он ба худшиносӣ, эҷодкорӣ ва боварӣ ба оянда мусоидат намуда, қобилияти муошират бо дигаронро беҳтар мекунад.
Фарҳанги волидии мусбат дар ҷомеаи мо бояд ривоҷ дода шавад. Яъне мардум аз ҷазодиҳӣ ва сахтгирӣ даст кашида, ба волидии мусбат гузаранд. Дар оилае, ки тарбияи мусбат ҷой дорад, дар он меҳрубонӣ ҳаст, муҳаббату садоқат ҳаст. Чунин тарбия ба солимии равонию ҷисмонии кӯдакон ва некӯаҳволии оила мусоидат мекунад.
Раҷабмо Ҳабибуллозода, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чӣ бояд кард?

  • Таълиму тарбияи нек
    Агар падару модар ва аҳли хонавода фарзандонро бо усули волидии мусбат тарбия ва таълим диҳанд;
  • Афзоиши огоҳии мардум
    Агар сатҳи огоҳии волидон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, ходимони дин ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба равишҳои мусбати тарбияи кӯдакон ва риояи ҳуқуқи онҳо беҳтар шавад;
  • Маҳкумсозии зӯроварӣ
    Агар аҳли ҷомеа далелҳои зӯроварӣ нисбат ба занону кӯдакон (ҳам духтарон ва ҳам писарон)-ро маҳкум кунанд;
  • Таъмини рушди ҷомеа
    Дар натиҷа ҳолатҳои зӯроварӣ коҳиш меёбанд ва рушди иқтидори тамоми ҷомеа таъмин мешавад.
Воқеан ҳам, волидии мусбат яке аз бахшҳои муҳим дар раванди таълиму тарбияи фарзандон мебошад, зеро он боиси пайдоиши тарзи мусбати рафтору гуфтор, беҳтар шудани сифати омӯзиш, талқини арзишҳои инсонӣ, меҳру дилбастагӣ ба падару модар ва садоқат ба Ватан мешавад.
Ин матлаби чандрасонаӣ бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки
Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид «Нури рӯшноӣ»
таҳия гардид.

Суратҳо аз ЮНИСЕФ-Тоҷикистон ва шахсиятҳои шинохтае,
ки дар ин матлаби чандрасонаӣ зикрашон ҳаст,
дастрас ва истифода шуданд.

ОЁ ЗӮРОВАРӢ «ДАВО» ДОРАД?

Пешгирии хушунат ва пешбурди волидии мусбат

омили рушди оила, ҷомеа ва кишвар аст.